Рӯзҳои 23–24 октябри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон семинари милли машваратӣ таҳти унвони « Таҳияи дастурҳо, протоколҳо ва нишондиҳандаҳо ҷиҳати ҷамъоварии маълумот, бойгонӣ намудани навсозиҳо ва пайгирии амалҳо дар самти Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда» баргузор шуд.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди умумиҷаҳонии экологӣ ташкил гардид.
Мақсади асосии семинари мазкур ташаккули фаҳмиши амиқ дар байни иштирокчиён оид ба принсипҳо, абзорҳо ва усулҳои таҳияи дастурҳои миллӣ, протоколҳо ва нишондиҳандаҳо дар асоси Нақшаи омодагӣ ва дастурамалҳои амалисозии Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият барои ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, навгонисозӣ ва таҳлили самараноки маълумотҳо дар доираи Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда арзёбӣ гардид.










25.10.2025