Ахбор
Таърихи 22 сентябри соли 2022 «Мизи мудаввар оид ба Ҳисоботи 6-уми арзёбии ГКБ ТИ (Гуруҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим)» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ хулосаҳои калидӣ дар доираи Ҳисоботи 6-уми арзёбии ГКБ ТИ, ки ба наздикӣ интишор гардидааст, баррасӣ шуданд.
24.04.2023
Санаи 15 декабри соли 2022 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бо иштироки воҳидҳои сохторӣ дар мавзӯи “Мониторинги ҳавои атмосферӣ: нақшаҳои минбаъда барои таҳияи маҳсулоти нав (бюллетенҳои экологӣ)” баргузор гардид.
24.04.2023
Санаи 6 сентябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Б.А., сардорони воҳидҳои сохтории Кумита, роҳбарият ва сардорони воҳидҳои сохтории Агентии обуҳавошиносӣ ва намояндагони Васоити ахбори омма иштирок намуданд.
24.04.2023
Санаи 16 - 17 августи соли 2022 дар шаҳри Ҳисор тренинги омӯзишӣ оид ба ҳамгироии хатарҳои иқлим ба сиёсати об ва нақшаҳои идоракунии ҳавзаҳо дар Тоҷикистон аз ҷониби Барномаи рушди СММ баргузор гардид, ки дар рафти он мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ ва дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
24.04.2023
Санаи 6 июли соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии нимсолаи аввали соли 2022 баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мавлодод А.М., инчунин сардорони тамоми раёсат, марказ ва шуъбаҳои Агентӣ иштирок доштанд.
24.04.2023
Санаи 29 июни соли 2022 вохӯрии директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ. бо директори Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ (БОҶ) дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам баргузор гардид, ки дар он сардорони воҳидҳои сохтории Агентӣ иштирок намуданд.
24.04.2023
Санаи 6 июни соли ҷорӣ дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» котиби генералии Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ (СУО) профессор Петтери Таалас ва дигар шахсон расмӣ аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он боздид намуданд. Профессор Петтери Тааласро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А., директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода А.Ҳ. ва коллективи Агентии обуҳавошиносӣ дар назди бинои Агентии обуҳавошиносӣ истиқбол гирифтанд.
24.04.2023
Санаи 7 июни соли ҷорӣ вохӯрии директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо Директори генералии Маркази хадамоти обуҳавошиносии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳабибуллоев Шерзод Хабибуллохуҷаевич ва директории Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии обуҳавошиносии назди Маркази хадамоти обуҳавошиносии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Файзулло Агзамов баргузор гардид.
20.04.2023