Рӯзҳои 20-21 сентябри соли 2025 ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти масъалаҳои ҳифзи захираҳои обӣ, иқлим ва пиряхҳо, ҳамзамон амалӣ сохтани ташаббуси «Даҳсолаи амалҳо оид ба дастгирии илмҳои криосфера барои солҳои 2025-2034», Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Федератсияи Россия усули нави мониторинги пиряхҳоро бо истифодаи таҷҳизоти георадарӣ дар якҷоягӣ бо тадқиқоти аэровизуалӣ ба роҳ монданд.
Ҳадафи истифодаи усули георадарӣ дар дастрас намудани маълумоти дақиқтар оид ба ғафсӣ ва зичии пиряхҳо ифода меёбад, ки барои пешгӯии дарозмуддати динамикаи онҳо ва баҳогузории захираҳои обӣ зарур арзёбӣ мегардад.
Аҳамияти асосии кор дар он аст, ки тадқиқот бори аввал бо истифодаи георадар дар платформаи чархболӣ анҷом дода шуд. Ин усул имкон фароҳам овард, ки қисмҳои дастнорас ва баландкӯҳии пиряхҳо мавриди тадқиқ қарор гиранд, ки анҷоми ченкуниҳои заминӣ дар онҳо душвор ё ғайриимкон аст.
Дар ҷараёни чорабинӣ инчунин аксбардории пиряхҳо ва кӯлҳои баландкӯҳии минтақаи ВМКБ анҷом дода шуд, ки ин ба ғанӣ гардидани пойгоҳҳои миллии маълумот ва атласҳо бо маводҳои нав мусоидат менамояд.
Натиҷаҳои пешакии тадқиқот нишон доданд, ки усули истифодашуда дорои самаранокии баланд мебошад. Ин усул имкон медиҳад, ки маълумоти дақиқ ва боэътимод дар бораи тағйироти пиряхҳо ва дигар объектҳои обии Тоҷикистон ҷамъоварӣ карда шавад. Ҳамзамон, таҳлилҳо собит намуданд, ки истифодаи минбаъдаи чунин равиш метавонад барои ташкили низоми мониторинги мунтазам ва устувори пиряхҳо ва манбаъҳои обии кишвар дурнамои васеъ дошта бошад.
26.09.2025