Санаи 3 октябри соли 2025 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҷлиси тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентӣ баргузор гардид.
Дар оғоз муовини Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Абдуллоев Умаралӣ Сайдуллоевич бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, аҳли коллективи меҳантиро ба ин рӯзи фархунда табрику таҳният намуданд.
Абдуллоев Умаралӣ Сайдуллоевич дар баромади худ қайд намуданд, ки таҷлили ин санаи таърихӣ, ҷашни миллию давлатӣ барои ҳар як фарди кишвар аҳамияти басо муҳим дорад. Зеро имрӯз, ҳар яки мо, ояндаи худро бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурахшон мебинем ва дарк менамоем, ки ояндаи мо ба фарҳанги забондонию ватандорӣ вобастагии комил дошта, аз забон ва фарҳанги миллии модариамон сарчашма мегирад.
Сипас дар баромади кормандони Агентӣ дар бораи дорои таърихи кӯҳанбунёд ва фарҳанги баланд доштани забони тоҷикӣ, инчунин ҳифз, гиромидошт ва рушди забони модарӣ ва риояи қоидаҳои имлоии он дар коргузорӣ, инчунин риояи тамоми талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъкид гардид.
03.10.2025