Дар шароити обшавии босуръати пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳифзи криосфера ва ташаккули мониторинги илмӣ аҳамияти хосса медиҳад. Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати тақвияти ҳамкорӣ ва эҳёи низоми мушоҳидаҳо дар пиряхҳои баландкӯҳро барои таъмини захираҳои обӣ ва рушди устувори минтақа махсусан таъкид намуда буданд. Ин даъватҳо бевосита ба ташаббуси «Даҳсолаи амалҳо оид ба дастгирии илмҳои криосфера барои солҳои 2025-2034», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса пешниҳод шудааст, иртибот дошта, самти стратегии кишварро дар бахши дипломатияи иқлимӣ инъикос менамоянд.
Яке аз қадамҳои калидии амалӣ дар ин самт барқарорсозии фаъолияти Стансияи обуҳавосанҷии ба номи А. Горбунов мебошад, ки дар пиряхи Ванҷях (Федченко) ҷойгир аст. Стансияи мазкур ҳанӯз дар аввали солҳои 1930 таъсис ёфта, дар тӯли даҳсолаҳо ҳамчун майдони нодири илмӣ хизмат мекард, ки дар онҷо мушоҳидаҳои мунтазам оид ба равандҳои метеорологӣ, қабати барф ва такмили пиряхҳо гузаронида мешуданд. Дар ин ҷо яке аз қиматтарин маълумотҳо оид ба тағйирёбии иқлим ва вазъи криосфераи Помир ҷамъ оварда шуда, худи стансия ба пойгоҳи экспедитсияҳои байналмилалӣ ва тайёр кардани мутахассисони ҷавон табдил ёфта буд.
Баъди солҳои навадум фаъолияти стансия муваққатан қатъ гардид, ки боиси аз даст рафтани мониторинги мунтазам дар яке аз минтақаҳои аз ҳама ҳассос шуд. Имрӯз эҳёи он аҳамияти стратегии нав касб мекунад, яъне стансияи обуҳавосанҷии барқароршуда метавонад ба Истгоҳи байналмилалии глятсиологии баландкӯҳ табдил ёбад, ки кӯшишҳои олимони тоҷик ва хориҷиро муттаҳид намуда, инчунин нуқтаи такя барои воридсозии технологияҳои муосир аз таҳқиқоти георадарӣ то низомҳои огоҳкунии барвақтӣ хоҳад шуд.
Барқарорсозии стансияи обуҳавосанҷии ба номи А. Горбунов ва табдили он ба “Истгоҳи байналмилалии глятсиологии баландкӯҳ” ҳадафи асосии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббуси «Даҳсолаи амалҳо оид ба дастгирии илмҳои криосфера барои солҳои 2025-2034» ба шумор меравад. Қадами аввал барои расидан ба ин ҳадаф, ин корҳои экспедитсионӣ ва барқарорсозӣ буданд, ки бо ибтикори Агентии обуҳавошиносӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар давраи аз 11 то 23 сентябри соли 2025 анҷом дода шуданд. Дар ҷараёни ин корҳо таҷҳизотҳои асосии стансияи худкор иваз карда шуда, таҷҳизоти зарурии техникӣ насб гардид ва фаъолияти сенсорҳо ва низомҳои ченкунӣ аз нав ба роҳ монда шуд. Ин иқдом имкон дод, ки фаъолияти иншоот барқарор гардида, замина барои рушду тавсеаи минбаъдаи он ҳамчун маркази байналмилалии мушоҳидавӣ-илмӣ гузошта шавад.
Дар солҳои наздик вазифа гузошта мешавад, ки фаъолияти стансия комилан барқарор гардида, ҳамчун Истгоҳи байналмилалии глятсиологии баландкӯҳ фаъолият намояд ва ба шабакаи байналмилалии мониторинги пиряхҳо ҳамроҳ карда шавад. Эҳёи стансия на танҳо саҳм дар рушди илм, балки қадами муҳими сиёсӣ низ хоҳад шуд, ки нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешсафи ҷаҳонӣ дар пешбурди масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ва муқовимат ба хатарҳои иқлимӣ тақвият мебахшад.
30.09.2025