Ахбор

Таърихи 27 июли соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Осмони соф”-и ҲХДТ дар ноҳияи Синои ш.Душанбе баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва воҳидҳои сохтории Агентӣ, инчунин Ташрифзода А.- муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино ва Давлатова Ҳ. мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ш.Душанбе иштирок доштанд.
28.07.2023

Таърихи 21 июли соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории техникӣ оид ба мавзӯи “Таъмини раванди самараноки Нақшаи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар рафти он намояндагони вазорату идораҳои кишвар, Барномаи рушди СММ ва ВАО иштирок доштанд.
21.07.2023

Санаи 4 июли соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносӣ ҷаласаи ҷамъбастии шашмоҳаи аввали соли 2023 баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қиёмзода З. инчунин сардорони тамоми раёсат, марказ ва шуъбаҳои Агентӣ иштирок доштанд.
04.07.2023

Мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли тамоми мусулмонони ҷаҳон Иди “Қурбон”-ро, ки саршор аз арзишҳои инсонпарварию мардумнавозӣ аст, дар фазои суботи сиёсӣ, пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ, ҷаҳду талошҳои созанда ва бунёдкорона барои расидан ба зиндагии шоиста ва эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ истиқбол мегиранд.
24.06.2023

Ваҳдат — беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқею мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд.
24.06.2023

Ҳамкасбони азиз! Кормандони соҳаи обуҳавошиносӣ ва ҳифзи муҳити зист! Шуморо ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист табрику муборакбод гуфта, ба Шумоён пирӯзиву бурдборӣ, зиндагии шоиставу пурнишотро таманно дорам.
02.06.2023

Санаи 29 майи соли 2023 дар доираи Конгресси 19-уми Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло ва сафири фавқулодда ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Швейтсария Ҷамшед Ҳомидов бо намояндагони Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ Даниэл Кулл, сардори раёсати Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ оид ба рушди шарикӣ ва сафарбаркунии захираҳо ва Фатих Кая роҳбари барномаи Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ оид ба обшиносӣ ва захираҳои обӣ мулоқоти дуҷониба доир намуданд.
31.05.2023

Дар доираи 19-умин Конгресси умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ дар Маркази байналмилалии конфронси Женева, Ҷумҳурии Швейтсария директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номзад ба мақоми Президенти Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ доктор Абдулло Аҳмад Ал Мандус, Директори генералии Маркази миллии обуҳавошиносии Аморати Муттаҳидаи Араб, Президенти ассотсиатсияи Минтақавии Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ II (Осиё) вохӯрии дуҷонибаро доир намуданд.
30.05.2023

Аз 22 май то 2 июни соли соли 2023 дар шаҳри Женеваи Ҷумҳурии Швейтсария 19 - умин Конгресси умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ баргузор гардида истодааст. Конгресси умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мақоми олии Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ буда, 193 кишвари аъзо аз 6 қаламрави минтақавии Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ дар он иштирок доранд.
30.05.2023

Санаи 24 майи соли ҷорӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи Дареи Панҷ (маблағгузории иловагӣ) оид ба ҳолати татбиқи Стратегияи маркетинги Агентии обуҳавошиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он воҳидҳои сохтории Агентӣ иштирок намуданд.
26.05.2023