Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони чорабинии сатҳи баланд оид ба ҳифзи захираҳои обӣ, яъне Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад. Конфронси мазкур рӯзҳои 29-31 майи соли 2025 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе баргузор гардида, намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла коршиносони байналмилалӣ, сиёсатмадорон, олимон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро ҷамъ меоварад.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ва иқлим гузаронида мешавад.
Бояд қайд намуд, ки санаи 14 декабри соли 2022 зимни иҷлосияи 77-уми худ, Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пуштибонии 153 кишвари аъзо ташаббуси 5-уми байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи обу иқлим бо иттифоқи оро қабул кард. Тибқи ин қатънома соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд ва аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо на танҳо як чорабинии илмию экологӣ, балки як воситаи муҳими сиёсӣ ва башардӯстона низ буда, он ба муттаҳидсозии глобалии кӯшишҳо барои ҳифзи пиряхҳо, таъмини ояндаи устувори миллионҳо инсоният ва экосистемаҳо мусоидат менамояд.
Мақсади асосии конфронс ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо, таъсири тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ ба онҳо мебошад.
28.05.2025