Дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо санаи 29 майи соли 2025, вохӯриҳои дуҷонибаи Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ. бо Дабири кулли СУО профессор Селеста Сауло баргузор гардид, ки дар рафти он масаълаҳои тақвият бахшидани иқтидори кадрӣ ва техникӣ, технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ, мониторинги криосфера, огоҳии бармаҳал ва ҳамчунин масъалаи ташаббусҳои минтақавӣ – Таъсис додани Маркази ҳамоҳангсозии минтақавии глятсиологӣ дар шаҳри Душанбе мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар навбати худ, профессор Селесте Сауло миннатдории хешро барои дар сатҳи баланд ташкил намудани «Форуми минтақавӣ оид ба мониторинги пиряхҳо ва криосфера дар Осиёи Марказӣ», пешниҳод ва пайгирӣ намудани ташаббусҳои созанда дар самти обуҳавошиносӣ иброз намуда, дастгирии ҳамаҷонибаи СУO-ро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди ҳама ташаббусҳо дар самти обу иқлим таъкид намуданд.
02.06.2025