Ахбор

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯзҳо дар ҳаёти сиёсии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли азизамон боз ду рӯйдоди муҳими сиёсӣ, яке «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигаре "31 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"таҷлил карда мешаванд.
16.11.2023

Дар доираи пазируфтани ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба «Соли 2025 – Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо» ва “21 март -Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” рӯзҳои 13-14 ноябри соли ҷорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ, Агентии Оғохон оид ба макони зист, Созмони Байналмиллалии Муҳоҷират, Институти метеорологии Финландия ва дигар шарикони рушд конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Мушкилоти ҳифзи пиряхҳо дар заминаи тағйирёбии иқлим ҳолат, омӯзиш, ташаббусҳои ҷаҳонӣ”-ро баргузор намуд, ки дар рафти он намояндагони як қатор созмон ва ташкилотҳои байналмиллалӣ, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва ВАО иштирок доштанд.
15.11.2023

Санаи 8 ноябри соли 2023 мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Хадамоти федералии обуҳавошиносӣ ва мониторинги муҳити зисти Вазорати захираҳои табиӣ ва экологияи Федератсияи Русия “Росгидромет” Мария Мамаева вохӯрии дуҷонибаро анҷом доданд.
13.11.2023

Санаи 3 ноябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 29-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, сардорони воҳидҳои сохтории Агентии обуҳавошиносӣ ва намояндагони Васоити ахбори омма иштирок намуданд.
03.11.2023

Муҳтарам кормандони соҳаи обуҳавошиносӣ. Ҳамдиёрони азиз! Шуморо бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният намуда, дар ин рӯзи фараҳбахш бароятон дар роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон барору комёбиҳои беназир таманно дорам.
03.11.2023

Санаи 30 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Агентии обуҳавошносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷират семинар дар мавзӯи "Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, (СММТИ) барои солҳои 2024 – 2026" бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута ва намояндагони шарикони рушд баргузор гардид.
31.10.2023

Дар пайравӣ ба ташаббусҳои ватандӯстона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 28 октябри соли ҷорӣ дар стансияи агрометеорологии Ҳисор ҳашари дастаҷамъона гузаронида шуд, ки дар он роҳбарият ва кормандони воҳидҳои сохтории Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.
31.10.2023

Санаи 5 октябри соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи забони давлатӣ” маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва тамоми воҳидҳои сохтории Агентӣ иштирок доштанд.
05.10.2023

Санаи 4 октябри соли 2023 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари муқаддимавии марҳилаи сеюми Лоиҳаи обуҳавошиносии Финляндия ва Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар рафти роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ, мутахассисони соҳавӣ, Сафири фавқулодда ва мухтори Финляндия- Илкка Райсанен, - Сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса-хонум Элза Пинол, Директори департаменти хадамоти экспертии Институти метеорологии Финляндия -Гарри Пиетарила ва намояндагони як қатор ташкилотҳои хориҷӣ иштирок доштанд.
05.10.2023

Рӯзҳои 19, 20 ва 28 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни 3 семинари баргузоршуда зиёда аз шаст намояндагони миллӣ ва зермиллӣ (аз ҷумла 36 зан) аз вазоратҳо, идораҳо ва бахши хусусӣ таҷрибаи пешқадам ва масъалаҳои марбут ба мубодилаи маълумот ва иттилоотро оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва муҳокима намуданд.
04.10.2023