Санаи 13 августи соли 2025 бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Дафтари Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ФАО) ва Фонди умумиҷаҳонии экологӣ омӯзиш (тренинг) оид ба омодасозии ҳисоботдиҳӣ дар бахши равандҳои саноатӣ ва истифодаи маҳсулот тибқи Дастурҳои IPCC (Гурӯҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим - ГКБТИ) 2006 бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ доир гардид.
Омӯзиш (тренинг)-и мазкур дар доираи иқдоми Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КҚ СММ ТИ) роҳандозӣ гардида, ҳадафи он баланд бардоштани донишҳои техникӣ ва малакаҳои амалии мутахассисони миллӣ дар омода намудани ҳисоботи партови газҳои гармхонаӣ (ГГ) дар бахши равандҳои саноатӣ ва истифодаи маҳсулот арзёбӣ гардид.
Дар ҷараёни омӯзиш мутахассисон соҳавӣ бо рӯйнамоҳо мавзӯъҳои “Манбаъҳои маълумот ва параметрҳои ҳисобӣ барои омода кардани ҳисоботи миллӣ дар бахши равандҳои саноатӣ ва истифодаи маҳсулот”, “Истифодаи коэффициентҳои партови газҳои гулхонаӣ”, “Сохтор ва мундариҷаи боби «равандҳои саноатӣ ва истифодаи маҳсулот» (соҳаи CRT 2) дар ҳисоботи миллӣ оид ба инвентаризацияи газҳои гармхонаӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар масъалаҳоро баррасӣ намуданд.
15.08.2025