Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 3 сентябри соли 2025 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузории чорабинии тантанавӣ ҷашни муқаддасу сарнавиштсози миллат – 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеъи роҳбарият ва кормандони соҳа таҷлил карда шуд. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ ва табрикоти Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло оғоз гардид.

Дар оғози чорабинӣ директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода Абдулло Ҳабибуло суханронӣ намуда, тамоми кормандони соҳаро ба муносибати ин ҷашни миллӣ табрик намуданд. Зимни баромади худ мавсуф бо ифтихор аз роҳи пуршебу фарози истиқлол, саҳми таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот ва рушди устувори кишвар ёдовар шуданд.

Сипас дар баромади муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ Байдуллоева Ҷ.А., Қудратов Х.С. – сардори шуъбаи таҳлилӣ-иттилоотии обуҳавошиносӣ, Маҳмадулоев Ҳ. - сардори шуъбаи илмӣ-тадқиқотии Маркзи омӯзиши тағйирёбии иқлим ва қабати озон, Сайфуллоев Н.- муовини сардори Раёсати мониторинги муҳити зист ва дигар кормандони соҳа таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун пешсаф дар масъалаҳои обу иқлим, пиряхҳо ва обуҳавошиносӣ шинохта мешавад ва ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар мавриди пуштибонии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дошта, ҷумҳурӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор собитқадамона пеш меравад.

Дар охири чорабинӣ кормандони соҳа бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипосномаю ифтихорномаҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шуданд.

Чорабинӣ бо руҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва нишонаҳои эҳтиром ба арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ анҷом ёфт.

03.09.2025