Санаи 20 августи соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Мизи мудаввар бо иштироки аъзоёни Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба Чаҳорчӯбаҳои васеъшудаи шаффофият дар доираи Созишномаи Париж аз вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии муовини Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Байдуллоева Ҷ.А. ва намояндаи Дафтари Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ФАО) Агаси Арутюнян оғоз гардида, нотиқон оиди ҳамкориҳои судманд ва нақшаҳои минбаъда дар самти муқовимати умумӣ ба бӯҳрони иқлимӣ, амалҳои фаврӣ ва гузоштани ҳадафҳо ҷиҳати коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ бо назардошти манфиатҳои иҷтимоӣ, экологӣ ва иқтисодӣ сухан ронданд.
Дар доираи Мизи мудаввар баромадкунандагон бо рӯйнамо (презентатсия)-ҳо баромад намуда, масъалаҳои рӯзномаро баррасӣ намуданд. Дар охири чорабинӣ оид ба саволномаҳои омодашуда ҷиҳати ҷамъоварии назару пешниҳодҳои иштирокчиён оид ба рушди низом ва татбиқи Чаҳорчӯбаҳои васеъкардашудаи шаффофият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созишномаи Париж байни иштирокчиён баҳсу мунозираҳо роҳандозӣ гардид.
20.08.2025