Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Роҳандозии омӯзиш (тренинг) тибқи дастури Гурӯҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим (ГКБТИ, соли 2006) оид ба таҳияи ҳисоботҳо дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва дигар намудҳои истифодаи замин

Рӯзҳои 14-15 августи соли 2025 бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Дафтари Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ФАО) ва Фонди умумиҷаҳонии экологӣ, омӯзиш (тренинг) оид ба таҳияи ҳисобот дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва дигар намудҳои истифодаи замин тибқи Дастури ГКБТИ (Гурӯҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим - соли 2006) бо иштироки намояндагони вазоратҳо, идораҳо, донишгоҳҳо ва муассисаҳои марбутаи кишвар баргузор гардида, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи донишҳои техникӣ ва малакаҳои амалии мутахассисони миллӣ дар самти таҳияи ҳисоботҳо оид ба партовҳои газҳои гулхонаӣ (ГГ) дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва дигар намудҳои истифодаи замин  мебошад.

Дар ҷараёни омӯзиш мутахассисони соҳавӣ бо рӯнамо (презентатсия)-ҳо баромад намуда, мавзӯъҳои «Манбаъҳои маълумот ва параметрҳои ҳисоботӣ барои таҳияи ҳисоботи миллӣ дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал», «Категорияҳои манбаъҳои партовҳо дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал», «Гендер ва ҳассосияти гендерӣ дар доираи ҳисоботҳои иқлимӣ ва таҳияи инвентаризатсияи миллӣ оид ба партовҳои газҳои гулхонаӣ» ва дигар масъалаҳои марбут ба пайомадҳои тағйирёбии иқлимро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Илова бар ин, машғулиятҳои амалӣ ба иштирокчиён имконият фароҳам оварданд, ки донишу таҷрибаи худро дар самти таҳияи ҳисоботи миллӣ оид ба партовҳои газҳои гулхонаӣ дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал, ки яке аз бахшҳои асосии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, тақвият бахшанд.

15.08.2025