Рӯзҳои 2-3 октябри соли 2025 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи машваратии миллӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати таъсиси Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият дар доираи Созишномаи Париж баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ масъалаи таъсиси Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият, интихоби раис, котиби Шӯро аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва тасдиқи Низомномаи Шӯро баррасӣ гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари аз ҷиҳати иқлимӣ осебпазир ба мушкилоти зиёд, аз ҷумла тағйирёбии реҷаи обшиносӣ, обшавии пиряхҳо, афзоиши хатари зуҳуроти табиӣ рӯ ба рӯ аст. Аз ин рӯ, таъсиси чунин Шӯро ба ҳайси сохтори миллии ҳамоҳангсоз муҳим арзёбӣ мегардад. Шӯро ба ҳайси платформаи миллии ҳамоҳангсозӣ имкон медиҳад, ки равишҳо ва нақшҳои институционалӣ дар самти тағйирёбии иқлим мувофиқ гарданд, иқтидорҳои миллӣ таҳким ёбанд ва ҳамкорӣ миёни вазорату идораҳо мустаҳкам шавад.
Ин раванд имкон медиҳад, ки кишвар ӯҳдадориҳои худро тибқи Созишномаи Париж ва дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ самаранок ва саривақтӣ иҷро намояд.
03.10.2025