Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории иҷлосияи 36-уми Шӯрои байнидавлатии обуҳавошиносии кишварҳои ИДМ

Рӯзҳои 25-26 сентябри соли 2025 дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон иҷлосияи 36-уми Шӯрои байнидавлатии обуҳавошиносии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Иҷлосияи 36-уми Шӯрои байнидавлатии обуҳавошиносии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба сифати як минбари муҳим барои баррасии самтҳои стратегӣ ва мубодилаи дастовардҳои илмию техникӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ ва зуҳуроти хатарноки табиӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ин чорабинии сатҳи баланд тибқи анъана роҳбарон ва намояндагони тамоми Хадамотҳои миллии обуҳавошиносии кишварҳои узви ИДМ иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин иҷлосия Роҳбарият ва мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муарифӣ намуда, оиди зарурияти таҳкими иқдомҳои муштарак дар ҳифзи манфиатҳои кишварҳои минтақа дар шароити тағйирёбии иқлим таъкид намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин иҷлосия ҳузури Роҳбари Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ доктор Абдуллоҳ Юсуф Аҳмад Ал-Мандус аҳамияти хоса зам намуда, имкониятҳои навро барои тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва амиқтар гардидани табодули таҷриба миёни хадамотҳои миллӣ фароҳам овард.

Ин чорабинии сатҳи баланд имконият медиҳад, ки роҳҳои муассир барои сари вақт дарёфт ва истифодаи иттилооти обуҳавошиносӣ таҳия шаванд ва шарикии хадамотҳои миллии обуҳавошиносӣ таҳким ёбад.

Дар доираи иҷлосия масъалаҳои рушди фаъолияти хадамотҳои миллии обуҳавошиносӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ, инчунин раванди иҷрои Стратегияи рушди фаъолияти обуҳавошиносии кишварҳои узви ИДМ ва татбиқи нақшаи он, системаи ҷаҳонии мубодилаи маълумот ва технологияҳо, беҳтар намудани дақиқии пешгӯиҳо ва самаранокии системаи огоҳкунии хатарҳо, рушди лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак барои баланд бардоштани малакаи мутахассисон, навсозии инфрасохтори техникӣ ва татбиқи усулҳои инноватсионӣ муҳокима гардиданд. 

26.09.2025