Санаи 21 октябри соли 2025 Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо Роҳбари Институти метеорологии Финландия, профессор Петтери Таалас вохӯрии расмӣ анҷом доданд. Вохӯрии мазкур дар доираи Ҷаласаи ғайринавбатии Конгресси умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ (Cg-Ext 2025), дар шаҳри Женеваи Швейтсария баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо самтҳои асосии ҳамкориҳои минбаъда дар доираи марҳилаи чоруми Лоиҳаи метеорологии Финландия ва Тоҷикистонро муҳокима намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ ба масъалаҳои тақвияти иқтидори институтсионалӣ ва кадрӣ дар соҳаи ҳавошиносӣ ва обшиносӣ, инчунин таҳкими ҳамкорӣ дар самти низоми огоҳии барвақти падидаҳои обуҳавошиносии фавқулодда диққати махсус дода шуд. Ҷонибҳо аҳамияти ҳамгироии дастовардҳои илмиву техникии муосир дар самти пешгӯии фаврӣ ва дарозмуддати хавфҳои иқлимӣ ва обуҳавошиносиро таъкид намуданд.
Мавзӯи муҳим дар гуфтушунид инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи мониторинг ва моделсозии равандҳои атмосфера, баланд бардоштани самаранокии низомҳои миллии огоҳии барвақтӣ тавассути мутобиқ намудани таҷриба ва меъёрҳои байналмилалӣ, мубодилаи таҷрибаи илмӣ ва амалӣ байни мутахассисони ду кишвар, инчунин таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимӣ дар бахши иқлимшиносӣ ва обуҳавошиносӣ буд.
Профессор Петтери Таалас пешрафти назарраси Тоҷикистонро дар чаҳорчӯбаи марҳилаҳои қаблии лоиҳа баланд арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки марҳилаи чоруми ҳамкорӣ қадами муҳиме дар самти таҳкими низоми устувори илмӣ барои муқовимат ба таҳдидҳои иқлимӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд.
Дар анҷом ҷонибҳо омодагии пурраро барои идомаи ҳамкориҳои судманд дар самти баланд бардоштани устувории иқлимӣ ва коҳиши осебпазирии минтақа дар баробари хатарҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим таъкид намуданд.
22.10.2025