Санаи 15 ноябри соли 2025 дар ҳошияи Конфронси 30-юми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР-30), дар шаҳри Белени Бразилия маросими имзои “Ёддошти тафоҳум” байни Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати ҷопонии «ArkEdge Space Inc» баргузор гардид.
Чоарбинии мазкур як қадами марҳилаи муҳим дар густариши ҳамкорӣ дар самти таҳкими иқтидор, санҷиши фосилавии пиряхҳо (дистансионӣ), мониторинги тағйирёбии иқлим, газҳои гулхонаӣ ва сифати ҳавои атмосферӣ ба ҳисоб меравад, ки барои баланд бардоштани устувории иқлимӣ ва иқтидори илмӣ аҳамияти калонро дорост.
Баробари ин, дар ҷараёни чорабинӣ вохӯрии директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо Муовини вазири масъалаҳои глобалии муҳити зисти Ҷумҳурии Ҷопон муҳтарам Кентаро Дои баргузор гардид. Дар ин мулоқот тарафҳо омодагии хешро барои пешбурди корҳои муштараки илмӣ, иштирок дар конфронсҳои байналмилалӣ ва баррасии имкониятҳои ҷалби маблағгузории шарикони байналмилалӣ изҳор намуданд.
Имзои ин “Ёддошти тафоҳум” нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти илми иқлимшиносӣ, густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои дигар ва истифодаи роҳҳои наву замонавӣ барои назорат ва омӯзиши тағйирёбии иқлим аҳамияти калон медиҳад. Масъалаи мазкур барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Осиёи Марказӣ дорои захираҳои калони пиряхҳо мебошад, бисёр муҳим арзёбӣ мегардад.





17.11.2025