Созмони Милали Муттаҳид соли 2025-ро ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон намуда, ҳамчунин оғоз аз соли 2025 санаи 21 мартро “Рӯзи умумиҷаҳонии пиряхҳо” муқаррар намуд. Ин қарор зарурати баланд бардоштани огоҳии ҷаҳонӣ оид ба нақши пиряхҳо, барф ва ях дар низоми иқлимӣ ва даври гидрологӣ, ҳамзамон оиди паёмадҳои ҷиддии иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва экологии тағйироти босуръати онҳоро таъкид менамояд.
Дар чорабинии канории рӯзи 19 ноябр дар Павилиони Криосфера иштирокчиён дастовардҳои ду гурӯҳи кории “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро баррасӣ намуданд:
• Гурӯҳи кории 1: Гурӯҳи глобалии “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо - 2025”;
• Гурӯҳи кории 4: “Пешбурди сиёсӣ, ҳамкорӣ ва ҷалби захираҳо”.
Намояндаи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назирзода Камолиддин дар баромади худ таъкид намуд, ки пиряхҳои Тоҷикистон ҳамчун яке аз афзалиятҳои муҳимтарини миллӣ бояд ба таври ҷиддӣ ҳифз ва дастгирӣ шаванд, зеро онҳо манбаи асосии захираҳои обии минтақа ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, ӯ натиҷаҳои асосии Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро, ки ҳамчун майдони муколамаи ҷаҳонӣ барои оғози “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера 2025–2034” замина гузошта, тадқиқот, ҳамкорӣ ва омӯзиши пиряхҳоро дар сатҳи байналмиллалӣ тақвият мебахшад, муаррифӣ намуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ се ташаббуси муҳим муаррифӣ гардид, ки ба таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва мониторинги пиряхҳо дар минтақа нигаронда шудаанд:
1. Ташкили Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии масъалаҳои гляциология дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ (СУО).
Марказ ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, ҳамгироии маълумот ва дастгирии қабули қарорҳо дар асоси далелҳои илмӣ мусоидат хоҳад намуд.
2. Ташкили экспедитсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ ба пиряхҳои Тоҷикистон.
Дар экспедитсияи мазкур иштироки институтҳои пешбари байналмилалии гляциологӣ ва шарикони рушд пешбинӣ шудааст. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи кишварҳо ва созмонҳоро барои пайвастан ба экспедитсия ва саҳмгузорӣ дар амалӣ шудани он даъват намуданд.
3. Барқарорсозии пурраи Стансияи таърихии обуҳавошиносии Горбунов дар пиряхи Ванҷях (Федченко) ва табдил додани он ба Расадхонаи байналмилалии баландикуҳии гляциологӣ.
Стансияи таҷдидшуда ба як майдони нодири мушоҳидаҳои дарозмуддат ва ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ табдил хоҳад ёфт.






12.12.2025