Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Ахбор

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ хонум Селесте Сауло
Мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ хонум Селесте Сауло

23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ хонум Селесте Сауло мулоқот намуданд.

25.09.2024

Бештар
Вохӯрии роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ бо намояндагони Созмони Байналмиллалии Муҳоҷират
Вохӯрии роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ бо намояндагони Созмони Байналмиллалии Муҳоҷират

Санаи 23 сентябри соли ҷорӣ дар толори Агентии обуҳавошиносӣ вохӯрӣ байни Роҳбарият ва мутахассисони соҳавии Агентӣ бо намояндагони Созмони Байналмиллалии Муҳоҷират (IOM) – Кок Саския, Айеер Роҳит ва Сойадип Банерҷӣ, донори барнома Жасмин Штолтсфус баргузор гардид.

25.09.2024

Бештар
Вохӯрии дуҷонибаи роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ бо намояндагони Созмони Байналмилалии Муҳоҷират.
Вохӯрии дуҷонибаи роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ бо намояндагони Созмони Байналмилалии Муҳоҷират.

Санаи 19 сентябри соли 2024 дар толори Агентии обуҳавошиносӣ вохӯри роҳбарияти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

20.09.2024

Бештар
Баргузории Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат-омили ваҳдату ҳамбастагии башарият”
Баргузории Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат-омили ваҳдату ҳамбастагии башарият”

Санаи 11 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, дар доираи нақша-чорабиниҳои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2024, Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат-омили ваҳдату ҳамбастагии башарият” баргузор гардид, ки дар рафти он мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

12.09.2024

Бештар
Баргузории 35-умин ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Баргузории 35-умин ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Ҳамасола ҷаласаҳои Шӯрои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳар як кишвари аъзо доир мегарданд ва имсол мизбони чорабинии мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Санаи 11 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 35-уми Шӯрои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он ҳайатҳои Хадамотҳои обуҳавошиносии ИДМ аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, инчунин Раисони Кумитаи иҷроияи Шӯрои байнидавлатии обуҳавошиносии ИДМ, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ташкилотҳои байналмиллалӣ ва ВАО иштирок доштанд.

12.09.2024

Бештар
Баргузории чорабинии тантанавӣ ба муносибати “33-юмин солгарди Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Баргузории чорабинии тантанавӣ ба муносибати “33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Санаи 5 сентябри соли 2024 бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Агентии обуҳавошиносӣ бо иштироки роҳбарият, воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумита, Агентии обуҳавошиносӣ, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист ва марказу муассисаҳои Кумита дар шаҳри Душанбе, инчунин бо иштироки собиқадорон ва фаъолони меҳнат бахшида ба ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

06.09.2024

Бештар
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд...
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд...

Ҳар як инсон бояд дар зиндагӣ ҳамеша бар он ҷаҳд намояд, ки соҳибақлу соҳибхирад ба воя бирасад. Байни дӯстону наздикон обрӯю эътибор ва манзалату қиммат дошта, муҳити иҳотакарда ӯро пазируфта, эхтиромашро ба ҷо оранд. Лекин ин нишонаҳои бузург барои инсон ба осонӣ муяссар намешаванд. Барои ба даст овардани обрӯ машаққати зиёд лозим омада, барои соҳибкасб гаштан бисёр мебояд омӯхт. Барои ифтихорманд гаштан худ бояд кони ақлу заковат ва соҳибақл бояд буд, то пешаи дурустеро интихоб намуда, тавассути меҳнати ҳалол обрӯ пойдор кард.

04.09.2024

Бештар
Идомаи Конфронси байналмиллалӣ дар мавзӯи “Мониторинги пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ – идоракунии хавфҳо” дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Идомаи Конфронси байналмиллалӣ дар мавзӯи “Мониторинги пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ – идоракунии хавфҳо” дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Рӯзҳои 28-31 августи соли 2024 бо назардошти фаъолияти саҳроӣ Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Мониторинги пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ – идоракунии хавфҳо” кори худро дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ш. Хоруғ идома дод, ки дар рафти он намояндагони як қатор созмон ва ташкилотҳои байналмиллалӣ, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, олимону коршиносони соҳавӣ ва ВАО иштирок доштанд

02.09.2024

Бештар
Баргузории Конфронси байналмиллалӣ дар мавзӯи “Мониторинги пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ – идоракунии хавфҳо”
Баргузории Конфронси байналмиллалӣ дар мавзӯи “Мониторинги пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ – идоракунии хавфҳо”

Дар идомаи ҷонибдориҳо вобаста ба ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди масъалаҳои тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти экологиии инсоният, Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Филиали Агентии Оғохон оид ба макони зист (АКАН) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи "Ҷомеаҳои мутобиқ ва устувор дар муҳити зисти худ (ARCH)", ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мегардад, Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Мониторинги пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ – идоракунии хавфҳо”-ро рӯзҳои 26-27 августи соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор намуданд, ки дар рафти он намояндагони як қатор созмон ва ташкилотҳои байналмиллалӣ, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, олимону коршиносони соҳавӣ ва ВАО иштирок доштанд.

27.08.2024

Бештар
Омӯзиши Системаи аввалияи коркард,   ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти ҳавошиносии стансияҳо-  “Персона-Мис” ва “Персона Мип”
Омӯзиши Системаи аввалияи коркард, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти ҳавошиносии стансияҳо- “Персона-Мис” ва “Персона Мип”

Рӯзҳои 12 то 17 августи соли ҷорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ “WFP” семинари омӯзишӣ оид ба мавзӯи “Омӯзиш, насб ва кор бо системаҳои “Персона-Мис” ва “Персона Мип” бо иштироки 18 нафар сардорон ва мутахассисони шабакаҳои давлатии обуҳавосанҷии вилоятҳои Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ баргузор намуданд.

16.08.2024

Бештар