29 майи соли ҷорӣ ҷаласаи техникӣ дар мавзӯи «Дохил намудани муҳоҷирати инсонӣ ба ҳадафҳои ҷаҳонии мутобиқшавӣ» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ва дигар шарикони рушд баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ибтикори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (IOM) ташкил ва роҳандозӣ карда шуд.
Ҳадафи асосии ҷаласаи техникӣ баррасии масъалаҳои вобаста ба таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳоҷирати аҳолӣ, таҳкими иқтидори мутобиқшавӣ ва татбиқи тадбирҳои самараноки коҳиш додани осебпазирии ҷомеаҳо дар шароити тағйирёбии иқлим арзёбӣ гардид.
Зимни ҷаласаи техникӣ иштирокчиён масъалаҳои муҳим, аз ҷумла мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, баланд бардоштани устувории иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва рушди механизмҳои мутобиқшавӣ дар сатҳи маҳаллиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Қайд карда шуд, ки дар шароити афзоиши таъсири омилҳои иқлимӣ, аз ҷумла хушксолӣ, камбуди захираҳои обӣ, офатҳои табиӣ ва дигар падидаҳои вобаста ба иқлим, масъалаи муҳоҷирати инсонӣ ба яке аз мавзӯъҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, ҳамоҳангсозии сиёсати давлатӣ ва густариши ҳамкориҳои байниидоравӣ дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аҳамияти муҳим дорад.
Дар анҷоми ҷаласа иштирокчиён доир ба таҳкими ҳамкориҳои минбаъда, мубодилаи таҷриба ва татбиқи чораҳои муштарак ҷиҳати баланд бардоштани устувории ҷомеаҳо ба тағйирёбии иқлим ибрози назар намуданд.





02.06.2026