Санаи 22 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон, дар доираи Саммити минтақавии экологӣ – 2026, директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло дар маросими ифтитоҳи Конфронси ҳаштуми Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ки ба мавзӯи «Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда 3.0: аз ӯҳдадориҳо то амалҳо» бахшида шудааст, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар баромади худ Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло аҳамияти ин конфронсро ҳамчун платформаи муҳими минтақавӣ барои муколамаи созанда, табодули таҷриба ва таҳияи равишҳои ҳамоҳангшуда ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мубрами иқлимӣ таъкид намуда, ҳамзамон оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим ва Созишномаи Париж қайд намуданд.
Дар доираи идомаи кори конфронс таваҷҷӯҳи махсус ба ташаккули самти умумии сиёсӣ ва стратегии ҳамкориҳои минтақавӣ бо тамаркуз ба татбиқи Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншудаи кишварҳои Осиёи Марказӣ равона гардид. Роҳбарони мақомоти дахлдори давлатӣ ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ афзалиятҳои калидии сиёсати иқлимӣ, эҳтиёҷот ба маблағгузории иқлимӣ, инчунин механизмҳои амалии таҳкими татбиқи даври навбатии Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда 3.0-ро баррасӣ намуданд.





23.04.2026