Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Омӯзиши идоравӣ оид ба шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» баргузор гардид

      Санаи 11 июни соли равон дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ омӯзиши навбатии идоравӣ дар мавзӯи «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» баргузор гардид.

      Дар чорабинӣ кормандони дастгоҳи марказӣ, раёсатҳо, марказҳо ва шуъбаҳои Агентӣ фаъолона иштирок намуда, доир ба талабот ва муқаррароти асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия маълумоти муфассал гирифтанд.

      Зимни омӯзиш ба иштирокчиён мазмун ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», вазифа ва ӯҳдадориҳои хизматчиёни давлатӣ дар самти риояи меъёрҳои зиддикоррупсионӣ, роҳҳои пешгирии бархӯрди манфиатҳо, риояи одоби хизматӣ ва масъулият барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта шарҳ дода шуданд.

      Дар баромади мутахассисони соҳавӣ қайд гардид, ки мубориза бо коррупсия яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, татбиқи самараноки чораҳои пешгирикунанда, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон ва риояи қатъии талаботи қонунгузорӣ барои таъмини фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ аҳамияти муҳим дорад.

      Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён вобаста ба мавзӯи баррасишуда мубодилаи афкор намуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Таъкид карда шуд, ки баргузории чунин омӯзишҳо ба таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматӣ ва пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ дар фаъолияти ҳаррӯзаи кормандон мусоидат менамояд.







11.06.2026