Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

ЭЪЛОН!

ЭЪЛОН!

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 100-солагии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 18 августи соли 2026 Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «35-соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва таҳкими мониторинги обуҳавошиносӣ ва ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор мегардад.

Дар кори Конфронс намояндагони мақомоти давлатӣ, олимон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва коршиносони соҳаи иқлим ширкат варзида, масъалаҳо доир ба

-Ҳифзи пиряхҳо;

-Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим;

-Системаҳои муосири мониторинг ва пешгӯии обуҳавошиносӣ;

-Идоракунии устувори захираҳои обӣ ва Ҳамкории байналмилалии илмиро баррасӣ намуда, вобаста ба муколамаҳои байналмилалӣ, рушди ояндаи устувории иқлим, обуҳавошиносӣ ва илмҳои криосферӣ табодули афкор анҷом медиҳанд.

Забонҳои кории Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буда, иштирокчиён метавонанд худро дар сомонаи конфронс http://hydroglaciersconf2026.tj/ сабти ном намоянд.

Макони баргузории Конфронс: Меҳмонхонаи "Ҳайат-Реҷенси"-и шаҳри Душанбе.

Ба Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ ҳамроҳ шавед!

06.08.2026