18 ноябри соли 2026 дар ҳошияи Конфронси 31-уми Тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31), бо ташаббуси Ҳукумати Гилгит-Балтистони Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаласаи байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳо» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва омӯзиши пиряхҳо иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Назирзода Камолиддин, муовини сардори Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуд.
Зимни муҳокимаи панелӣ таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омӯзиш, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо муаррифӣ гардида, оид ба ташаббусҳо ва дастовардҳои кишвар дар соҳаи пиряхшиносӣ, аҳаммияти таҳқиқоти илмӣ ва зарурати андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим маълумот пешниҳод карда шуд.
Дар фарҷоми муҳокима бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ пешниҳоди густариши ҳамкорӣ дар соҳаи пиряхшиносӣ, аз ҷумла ташкили экспедитсияҳои муштарак, табодули таҷриба ва донишҳои илмӣ, инчунин таҳкими робитаҳои байни муассисаҳои соҳавӣ ва мутахассисони кишварҳо ироа гардид.
Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ барои муаррифии таҷрибаи миллӣ, таҳким ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.


19.11.2026