Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Қадрдонии кормандони соҳаи обуҳавошиносӣ дар арафаи 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳмату хизматҳои софдилонаи кормандон ва саҳми арзандаи онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ, дар арафаи таҷлили 34-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони соҳаи илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар хизматчиёни давлатӣ бо мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар ҳамин радиф, санаи 4 сентябри соли 2025 дар чорабинии сиёсии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Амирзода Ориф намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими давлатию сиёсӣ, вакили Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мӯсоева Рафиқа Ғаниевна ва дигар шахсони расмӣ, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи хизмати давлатӣ ва идораи давлатӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати назорат ва коргузории Агентии обуҳавошиносӣ Миршамсов Озод бо медали “Хизмати шоиста”  ва дар асоси Фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, муовини директори Агентӣ муҳтарам Байдуллоева Ҷамила Акбархоновна бо нишонаи сарисинагии “Корманди фахрии ҳифзи муҳити зист” сарфароз гардонида шуданд.

Кормандони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар ивази ин дастгирӣ ва қадрдониҳо ҳамеша саъю талош менамоянд, то дар амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обуҳавошиносӣ саҳми назаррас гузоранд.

04.09.2025