Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории омӯзиш оид ба масъалаҳои иқлимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзҳои 3-4 сентябри соли ҷорӣ, бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди умумиҷаҳонии экологӣ, омӯзиши дурӯза (тренинг) оид ба таҳкими иқтидори техникӣ дар самти масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид.

Дар ин омӯзиш масъалаҳои муҳими марбут ба “Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда (NDC)”, “Ҳисоботи дусолаи шаффофият (BTR)”, “Мониторинг, ҳисоботдиҳӣ ва санҷиш (верификатсия) MRV” ва Ахбороти миллӣ (National Communication-NC) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои марбута, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои ҷумҳурӣ ширкат варзида, донишу малакаи худро дар мавзуъҳои “Сохтор ва таркиби Гузориши дусолаи шаффофият (BTR)”, “Ҳамгироии равиши гендерӣ дар таҳия ва татбиқи ҳисоботи миллии иқлим (BTR ва NDC)”, “Мафҳум ва сохтори Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда (NDC)”, “Механизм ва муҳимияти системаи MRV (Мониторинг, ҳисоботдиҳӣ ва санҷиш)”,  нақши Ахбороти миллӣ (NC) ҳамчун гузориши муфассал дар бораи чорабиниҳои иқлимии кишвар такмил доданд.

Ҳамзамон, иштирокчиён дар доираи кори гурӯҳӣ масоили марбут ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, роҳҳои татбиқи самараноки стратегияи иқлимии кишварро муҳокима намуданд.

Чунин омӯзишҳо барои тақвияти иқтидорҳои миллӣ ва омодасозии мутахассисон дар самти татбиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иқлим заминаи мусоид фароҳам меоранд.   

04.09.2025