Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории Мизи мудаввар оид ба татбиқи Нақшаи амалҳои Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2025-2027 ва ибтикори таҳияи Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии

Санаи 10 феврали соли 2026 бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилаллии муҳоҷират (СБМ) Мизи мудаввар оид ба татбиқи Нақшаи амалҳои Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2025-2027 ва ибтикори таҳияи Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои солҳои 2026-2034 бо иштироки васеи намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои ҷумҳурӣ, ҳамзамон ташкилотҳои байналмилалӣ ва ВАО баргузор гардид.

Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ. ва Роҳбари намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон Виктор Лутенко оғоз гардид.  Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ. қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи муҳими иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва экологии Тоҷикистон эътироф намуда, тавассути ташаббусҳо, татбиқи барномаҳои илмию байналмилалӣ ва ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳифзи онҳо тадбирҳои муассирро пеш мебаранд, ки заминаи мусоид ба ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим арзёбӣ мегарданд.

Дар навбати худ Виктор Лутенко, Роҳбари Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон қайд намуданд, ки таъсири тағйирёбии иқлим ба тамоми бахшҳои иқтисодиёт ва дар ин замина ба муҳоҷирати аҳолӣ расида, дар ин самт ҳамгироӣ байни ниҳодҳои дахлдор ҳалли мушкилотро осон менамояд.   

Боиси зикр аст, ки баргузории Мизи мудаввар имкон медиҳад, ки саъю кӯшиши вазорату идораҳои дахлдор, ҷонибҳои асосии ҳавасманд барои таҳлили пешрафти ҷорӣ, ошкор намудани норасоиҳои институтсионалӣ ва барномавӣ, инчунин муайян кардани самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъда муттаҳид карда шаванд. Ҳамзамон, ин чорабинӣ ҳамчун нуқтаи ибтидоӣ барои баррасии таҳияи санади махсуси барномавӣ, ки ба рушди дарозмуддати низоми омӯзиш ва ҳифзи криосфера равона шудааст, хизмат хоҳад намуд.

 


10.02.2026