Дар доираи барномаи ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Корея ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои 21 – 24 апрели соли 2026 курси омӯзишӣ оид ба технологияҳои мушоҳидаи метеорологӣ ва системаҳои пешрафтаи пешгӯии обу ҳаво баргузор гардид, ки дар рафти он мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Ҳадафи асосӣ коҳиш додани хатарҳои марбут ба зуҳуроти обуҳавосанҷӣ тавассути истифодаи технологияҳои муосир ва омӯзиши ҷузъҳо ва усулҳои нигоҳдории Стансияхои худкори метеорологӣ (AWS) арзёбӣ мегардад.
Бояд қайд намуд, ки курси омӯзишии мазкур инчунин ба барқарор намудани чаҳорчӯбаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Корея ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мушоҳида ва пешгӯии обу ҳаво ва таъсиси шабакаҳои худкори мушоҳидавӣ равона гардидааст.
Дар анҷоми курси омӯзишӣ 8 нафар мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сертификатҳои расмӣ қадрдонӣ шуданд.





24.04.2026