Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Вохӯрӣ бо роҳбари ташкилоти “Каритас Швейтсария”

8 майи соли ҷорӣ вохӯрии Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло ва Роҳбари ташкилоти “Каритас Швейтсария” Шинан Кассам баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳои минбаъда дар самти мониторинги сифати ҳавои атмосферӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, насб ва навсозии (модернизатсияи) стансияҳои худкори мониторинги сифати ҳаво ва стансияҳои хурди худкори метеорологӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ таъкид гардид.

Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти обуҳавошиносиро изҳор намуданд.

08.05.2026