1 майи соли 2026 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари машваратӣ таҳти унвони «Ҷанбаҳои гендерӣ дар идоракунии захираҳои обӣ ва мониторинги пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Идоракунии раванди обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти обӣ», ки аз ҷониби Фонди Ҷопон барои шукуфоӣ ва устувории Осиё ва Уқёнуси Ором (JFPR) маблағгузорӣ мешавад, доир гардид.
Дар семинар роҳбарият ва кормандони раёсат, марказу шуъбаҳои Агентӣ фаъолона иштирок намуда, масъалаҳои муҳими идоракунии захираҳои обӣ ва мониторинги пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлимро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таваҷҷӯҳи махсус ба ҳамгироии ҷанбаҳои гендерӣ, ҳифзи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва баланд бардоштани нақши занон дар соҳаи илм ва мониторинги равандҳои иқлимӣ ва пиряхҳо равона гардид.
Зимни баромадҳои мутахассисон натиҷаҳои татбиқи лоиҳа, таъсири тағйирёбии иқлим ба аҳолии осебпазир, нақши занон дар тадқиқотҳои пиряхшиносӣ, инчунин таъсири чангу ғубор ба раванди обшавии пиряхҳо мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Семинари мазкур аҳамияти муҳими ворид намудани равишҳои гендериро дар идоракунии захираҳои обӣ ва мониторинги пиряхҳо таъкид намуда, нишон дод, ки ҷалби фаъолонаи занон ва ба инобат гирифтани ниёзҳои гурӯҳҳои осебпазир метавонад ба баланд бардоштани самаранокии тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва таъмини амнияти обӣ мусоидат намояд.





04.05.2026