Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ» ва татбиқи ҳадафҳои “Даҳсолаи байналмилалии илмҳои криосфера барои солҳои 2025–2034”, Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро дар самти мониторинг ва омӯзиши ҳолати криосфера идома медиҳад.
Дар ин замина, аз 25 август то 7 сентябри соли 2026 дар пиряхи Тоҷикистон (собиқ пиряхи Федченко), ки дар минтақаи баландкӯҳи Помир ҷойгир аст, экспедитсияи муштараки илмӣ-тадқиқотии мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Донишгоҳи Фрибурги Швейтсария ва Институти илм ва технологияҳои Австрия баргузор гардид.
Минтақаҳои баландкӯҳи Помир яке аз минтақаҳои муҳим барои омӯзиши тағйирёбии иқлим ва ҳолати криосфера ба ҳисоб мераванд. Пиряхҳо ва қабати барф дар ташаккули захираҳои обии Осиёи Марказӣ нақши муҳим дошта, мушоҳидаҳои мунтазами инструменталӣ дар баландкӯҳ барои арзёбии динамикаи пиряхҳо, тағйирёбии шароити обуҳавошиносӣ ва равандҳои криосферӣ аҳамияти калидӣ доранд.
Дар ин замина, яке аз муҳимтарин объектҳои таҳқиқоти дарозмуддат – ин системаи яхбандии пиряхи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки яке аз бузургтарин системаҳои яхбандии кӯҳии ҷаҳон маҳсуб меёбад. Дар ҳудуди он, дар баландии тақрибан 4200 метр аз сатҳи баҳр, стансияи баландкӯҳи обуҳавосанҷии ба номи Г. М. Горбунов ҷойгир мебошад. Мавқеи баландкӯҳии стансия имконият медиҳад, ки маълумоти бевосита ва арзишманд оид ба шароити обуҳавошиносӣ ва равандҳои яхшиносӣ дар яке аз минтақаҳои баландкӯҳи Помир ба даст оварда шавад.
Аз барқарорсозӣ то навсозии пурраи стансия
Соли 2025 дар доираи экспедитсияи муштараки Агентии обуҳавошиносӣ фаъолияти стансияи Горбунов барқарор гардида, барои идомаи мушоҳидаҳои худкор заминаи зарурӣ фароҳам оварда шуд.
Экспедитсияи муштарак дар соли 2026 марҳилаи нави ин раванд гардида, ҳадафи асосии он навсозии пурраи таҷҳизоти стансия, такмили низоми мушоҳидаҳо ва барқарор намудани интиқоли маълумоти обуҳавошиносӣ арзёбӣ гардид.
Дар ҷараёни экспедитсия ташхиси техникии стансия ва таҷҳизоти он гузаронида шуда, сенсорҳои амалкунанда иваз ва сенсорҳои нави мушоҳидавӣ насб гардиданд. Ҳамчунин корҳои танзим ва санҷиши таҷҳизот, мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ ва омӯзиши ҳолати ҳудуди атрофи стансия анҷом дода шуданд.
Яке аз натиҷаҳои муҳими экспедитсия пурра барқарор гардидани интиқоли маълумоти мушоҳидавӣ аз стансия ба Маркази ҷамъоварии маълумоти фаврии Агентии обуҳавошиносӣ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки маълумоти обуҳавошиносӣ аз баландии 4200 метр ба таври мунтазам дастрас гардида, барои таҳлил, пешгӯӣ ва арзёбии тағйирёбии шароити иқлимӣ дар минтақа истифода шавад.
Иштирокчиёни экспедитсия инчунин аксбардорӣ ва наворбардории ҳолати стансия, таҷҳизоти он ва сатҳи пиряхро анҷом дода, маводи заруриро барои арзёбии минбаъдаи ҳолати муҳити баландкӯҳ ҷамъоварӣ намуданд.
Қадами Тоҷикистон ба мониторинги байналмилалии криосфера
Барқарорсозӣ ва навсозии стансияи Горбунов намунаи муҳими ҳамкории амалии Тоҷикистон бо муассисаҳои байналмилалӣ дар самти омӯзиш ва мониторинги криосфера мебошад. Ҳамкории Агентии обуҳавошиносӣ бо Донишгоҳи Фрибурги Швейтсария ва Институти илм ва технологияҳои Австрия имконият медиҳад, ки таҷрибаи миллӣ бо дониш, технология ва таҷрибаи байналмилалӣ пайваст карда шавад.
Гузаронидани чунин корҳои муштарак ҳамчун саҳми амалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи “Даҳсолаи байналмилалии илмҳои криосфера барои солҳои 2025–2034” ба ҳисоб меравад. Ин ташаббуси байналмилалӣ ба рушди таҳқиқоти илмӣ, таҳкими низомҳои мушоҳидавӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар омӯзиши криосфера равона шудааст.
Марҳилаи минбаъдаи корҳо пайваст намудани стансияи худкори обуҳавосанҷии Горбунов ба шабакаҳои байналмилалии мониторинг мебошад. Ин имкон медиҳад, ки маълумоти аз баландкӯҳ бадастомада ба низомҳои байналмилалии мубодилаи маълумот ворид гардида, дар таҳқиқоти минтақавӣ ва ҷаҳонии тағйирёбии иқлим истифода шавад.
Дар дурнамои дарозмуддат, барқарорсозӣ ва навсозии пурраи инфрасохтори стансия бо рушди он ҳамчун Пойгоҳи байналмилалии баландкӯҳи яхшиносӣ пешбинӣ мегардад. Дар чунин ҳолат стансияи Горбунов метавонад ба як маркази доимии мушоҳидаҳои комплексӣ табдил ёфта, дар он мониторинги пиряхҳо, қабати барф, омилҳои обуҳавошиносӣ ва дигар ҷузъҳои криосфераи Помир ба таври мунтазам анҷом дода шаванд.
Ин иқдом барои таҳкими низоми миллии мониторинги криосфера ва ҳамзамон барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули маълумот ва омӯзиши тағйирёбии пиряхҳои Осиёи Марказӣ заминаи муҳим фароҳам хоҳад овард.











11.09.2026