Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ дар нуҳ моҳи соли 2026

Дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нуҳ моҳи соли 2026 бо иштироки роҳбарият ва сардорони раёсат, марказ ва шуъбаҳо баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти раёсати муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ Абдуллозода Умаралӣ Сайдулло баргузор шуда, зимни он натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар давраи ҳисоботӣ, раванди иҷрои нақшаҳои пешбинишуда ва вазифаҳои минбаъда барои ҷамъбасти самараноки соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мувофиқи рӯзномаи ҷаласа муовини директори Агентӣ Пирзода Суннатуллоҳ Мирзомудин оид ба натиҷаҳои фаъолияти нуҳмоҳа ва масъалаҳои муҳими соҳавӣ маърӯза намуданд. Ҳамзамон ҳисоботи сардорони раёсатҳо, марказҳо ва шуъбаҳои сохтории Агентӣ шунида шуда, вобаста ба масъалаҳои матраҳшуда мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар фарҷоми ҷаласа аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарори дахлдор қабул гардида, барои иҷрои саривақтии вазифаҳои гузошташуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

30.09.2026