Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Дар Агентии обуҳавошиносӣ чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

4 сентябри соли 2026 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, собиқадорон ва кормандони соҳа баргузор гардид.

Дар чорабинӣ инчунин вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Рустам Барот, муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурзода Исфандиёр Шукур, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳабибзода Зоҳир Иззат иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ ва табрикотии директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло оғоз гардид. Мавсуф ҳозиринро ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз дастовардҳои назарраси кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуданд.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки дар тӯли 35 соли Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафту тараққиёти бесобиқа ноил гардида, дар тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи обуҳавошиносӣ натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуд.

Қайд карда шуд, ки бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаи мушоҳидавии обуҳавосанҷии кишвар васеъ гардида, технологияҳои муосир ва низомҳои рақамӣ ҷорӣ гардидаанд. Ин иқдомҳо барои такмили низоми пешгӯии обу ҳаво, огоҳсозии бармаҳал ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои обуҳавошиносӣ ба аҳолӣ ва бахшҳои иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Дар суханрониҳои меҳмонон таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун яке аз кишварҳои пешсаф дар пешбурди масъалаҳои марбут ба ҳифзи пиряхҳо, захираҳои обӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар арсаи байналмилалӣ эътироф шудааст. Зикр гардид, ки ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим ва ҳифзи захираҳои табиӣ ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мусоидати назаррас менамоянд.

Дар идомаи чорабинӣ як қатор кормандони соҳа барои фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар рушди соҳаи обуҳавошиносӣ ва ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипоснома ва ифтихорномаҳои соҳавӣ қадрдонӣ гардиданд.

Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ҷамъбаст гардид.


04.09.2026