Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Озмунҳо

Эълон барои ишғоли хизматрасониҳои мушовирӣ

02.02.2026:
13.02.2026

Тавсифи озмун

Эълон барои ишғоли хизматрасониҳои мушовирӣ

 

Ташкилот:                                       БРСММ/КҲМЗ

 

Вазифа:                                                        Мушовирони миллӣ оид ба таҳлили таъсирҳо ва хароҷоти эҳтимолӣ тибқи уҳдадориҳои NDC 3.0-и такмилшуда

 

Рамзи мушаххаси лоиҳа:           01004733

Макон:                                                          ш. Душанбе

Мӯҳлати ниҳоии

пешниҳоди дархост:                                  13.02.2026 (соати 17:00-и вақти маҳаллӣ)

Навъи шартнома:                                       Инфиродӣ

Мӯҳлати амали шартнома:                       То 3 моҳ

 

 

Маълумоти умумӣ

Лоиҳаи «Дастгирии такмили Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим (NDC 3.0)» бо ҳадафи таъмини иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Созишномаи Париж ва такмили NDC 3.0 аз ҷониби БРСММ дар ҳамкорӣ бо КҲМЗ татбиқ мегардад.

 

Уҳдадориҳо ва масъулиятҳо

Ду (2) мушовири миллӣ оид ба таҳлили таъсироти эҳтимолӣ ва хароҷоти марбут ба уҳдадориҳои NDC 3.0-и таҷдидшуда, бо дарназардошти ҷанбаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ, корҳои зеринро анҷом медиҳанд:

·        Таҳлили ҳуҷҷатҳо ва маълумот: баррасии уҳдадориҳои NDC 3.0-и таҷдидшуда, стратегияҳо, барномаҳо ва нақшаҳои миллӣ, инчунин ҷамъоварии маълумоти иҷтимоию иқтисодӣ, иқлимӣ ва экологӣ аз манбаъҳои расмӣ.

·        Машварат бо ҷонибҳои манфиатдор: ҳамкорӣ бо ҷонибҳои калидии манфиатдор ҷиҳати тасдиқи натиҷаҳо ва таҳияи тавсияҳои амалӣ бо нақшаи амал (қадамҳо, масъулон, муҳлатҳо ва ғайра).

·        Арзёбии таъсироти эҳтимолӣ: таҳлили паёмадҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ, ки дар натиҷаи татбиқи тадбирҳои NDC 3.0 ба вуҷуд меоянд, аз ҷумла таъсир ба гурӯҳҳои осебпазир, экосистемаҳо ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлим.

·        Таҳлили хароҷот ва самаранокӣ: баҳодиҳии хароҷоти сармоявӣ ва ғайра, инчунин муқоисаи натиҷаҳо бо фоидаҳои пешбинишуда ва талафоти пешгиришуда бо мақсади муайян намудани тадбирҳои афзалиятнок.

 

Таҷрибаи корӣ ва малакаҳо

 

·        Ҳадди ақал 3 сол таҷрибаи корӣ дар самтҳои дахлдор (экология/тағйирёбии иқлим/муҳити зист/иҷтимоӣ, ҳуқуқ/муносибатҳот байнламилалӣ ва дигар самтҳои дахлдор).

·        Таҷрибаи исботшуда дар лоиҳаҳое, ки ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва баланд бардоштани устуворӣ нигаронида шудаанд.

·        Шиносоии касбӣ бо чаҳорчӯба ва талаботи Созишномаи Париж ва NDC.

·        Малакаҳои пурқуввати таҳлилӣ ва тадқиқотӣ, қобилияти таҳияи ҳисоботҳои далеланок ва ҳуҷҷатҳои сиёсӣ/техникӣ.

·        Малакаҳои аълои муошират ва фасилитатсия (мусоидат), аз ҷумла ҳамоҳангсозии ҷонибҳои манфиатдор ва гузаронидани омӯзишу муаррифӣ.

·        Таҷриба дар истифодаи компютер ва бастаҳои нармафзори дафтари корӣ (MS Word, Excel ва ғайра).

 

Таҳсилот

Таҳсилоти олӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ, иқтисод, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, (химия, биология, география) ва ё дигар бахшҳои дахлдор, ба дорандагони дараҷаи илмӣ ва мутахассисони баландихтисос афзалият дода мешавад.

 

Забондонӣ

Равон ва комил донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмист.

 

Муҳлати дархост

Аз номзадҳои ҳавасманд хоҳиш карда мешавад, ки тарҷумаи ҳол ва мактуби муқаддимавии худро дар ҳаҷми на бештар аз як саҳифа бо забони англисӣ, русӣ ё тоҷикӣ бо маълумоти дахлдор ва таҷрибаи касбии худ ба суроғаи электронии climate.tj@gmail.com бо возеҳ нишон додани вазифа дар сатри "Мавзӯъ" то санаи 13 феврали соли 2026, соати 17:00 ба вақти Душанбе, Тоҷикистон ирсол намоед.

 

Танҳо номзадҳои мувофиқ ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.