Дархост барои пешниҳоди нарх
- Рақам ва номи грант: 9258-TAJ: Лоиҳаи «Идоракунии раванди обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти обӣ»:
- Рақам ва номи бастаи озмун: GDS-09: Асбобҳои дастӣ барои мушоҳидаҳои метеорологӣ
Тавсифи озмун
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузорӣ аз ҷониби Бонки Рушди Осиё (БОР) барои хароҷоти Лоиҳаи «Идоракунии раванди обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти обӣ» дархост пешниҳод намудааст ва ният дорад, ки як қисми ин маблағгузориро барои пардохтҳо тибқи шартномаи болозикр истифода барад. Озмун барои иштирокчӣ мувофиқи талаботҳои БОР кушода буда, манбаъи таъминкунандаи борҳои истеҳсолиашон аз аъзо-кишварҳои БОР ҳуқуқи иштирок карданро дорад.
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳамчун «Харидор» аз ҳавасмандони соҳибҳуқуқ даъват менамояд, ки лифофаҳои мӯҳрзадашударо барои таъмини Асбобҳои дастӣ барои мушоҳидаҳои метеорологӣ пешниҳод намоянд.
Барои гирифтани маълумоти мукаммал ва аз назаргузаронии ҳуҷҷатҳою таснифот, ҳавасмандон метавонанд ба Лоиҳаи болозикр воқеъ дар кӯчаи Бобоҷон Ғафуров, 13/1, ш. Душанбе ва ё тавассути почтаи электронии tajmglow@gmail.com муроҷиат намоянд.
Лутфан, Рақам ва номи бастаи озмуниро дар сатри мавзӯи мактуби пешниҳодгарданда қайд намоед.