Санаи 5 марти соли 2026 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи Модарон” чорабинии идона баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва кормандони раёсат, марказ, шуъбаҳои Агентӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Абдуллозода Умаралӣ Сайдулло ҳусни оғоз бахшида, паёми табрикотии роҳбарияти Агентиро ба самъи ҳозирин расониданд.
Абдуллозода Умаралӣ Сайдулло таъкид намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохт ва эҳтироми Зан-Модар чунин қайд менамоянд: «Модарон на танҳо ояндаи фарзандони худ, балки ояндаи миллатро месозанд. Аз ин рӯ, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробар барои модарон ва занон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии мо мебошад». Ҳамзамон, оиди дар соҳаи обуҳавошиносӣ фаъолияти пурсамар доштани бонувону модарони мушфиқу меҳрубон, ки дилбохтаи касби хешанд, махсус таъкид намуданд.
Дар суханрониҳои дигар кормандони Агентӣ нақши муҳим ва мавқеи устувори Зан-Модар дар ҷомеа таъкид гардид. Зикр шуд, ки занон бо талошҳои муштарак, масъулияти баланд ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ дар пешбурди ҷомеа ва таҳкими рушди устувори кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Ҳамчунин дар васфу ситоиши Зан–Модар суханони пурҳикмату саршор аз муҳаббат баён гардида, иштирокчиёни ҷамъомад ин гуфтаҳоро бо кафкӯбиҳои гарму самимӣ истиқбол намуданд.




05.03.2026