Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Вохӯрии аввалини Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Нақшаи миллии амал ва Барномаи зерминтақавии амал оид ба криосфера

Санаи 11 сентябри соли 2025 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии аввалини Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Фонди миллии ҳифзи пиряхҳо, ҳамзамон Нақшаи миллии амал ва Барномаи зерминтақавии амал оид ба криосфера баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории ҷаласа баррасии заминаи миллии расидан ба Ҳадафномаи-2050 ва таҳияи равишҳои ҳамоҳангшуда ҷиҳати таҳияи барномаи амаларзёбӣ гардида, ба ҳифз ва идоракунии устувори криосфераи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст. Диққати асосӣ ба ташаккули фаҳмиши умумӣ дар бораи вазифаҳои мониторинг, ҳифзи пиряхҳо ва пӯшиши қабати барф роҳандозӣ гардид.

Дар ҷаласа аъзоёни Гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар, ки дар назди Агентии обуҳавошиносӣ таъсис дода шудааст, иштирок намуданд.

Дар чорабинии мазкур натиҷаҳои семинари миллӣ, ки рӯзҳои 24–25 апрели соли 2025 дар шаҳри Ҳисор баргузор гардида буд, ҳамзамон матритсаҳои мақсаднок, ки барои таҳияи Нақшаи миллии амал оид ба криосфера омода шуда буданд, баррасӣ гардиданд.

Дар рафти муҳокимаи умумӣ аъзоёни Гурӯҳи корӣ пешниҳодот ва тавсияҳоро ҷиҳати такмили матритсаҳои мақсаднок, ки ҳангоми таҳияи Нақшаи миллии амал ба инобат гирифта мешаванд, ироа намуданд.

Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи минтақавии Фонди умумиҷаҳонии экологӣ, Барномаи Рушди СММ ва “ЮНЕСКО” зери унвони «Баланд бардоштани устувории кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути густариши ҳамкорӣ дар арзёбии системаи пиряхию нивалӣ ва таҳияи равишҳои мукаммали рушди устувор ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим», ки бо дастгирии Фонди умумиҷаҳонии экологӣ амалӣ мешавад, баргузор гардид.

11.09.2025