Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Озмунҳо

АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд.

барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ:
барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

Тавсифи озмун

АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ

барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд.

 

1.  Сардори Раёсати шабакаҳои давлатӣ -1 ҷой, маоши мансабӣ – 5045,10 сомонӣ;

2.  Муовини сардори Раёсати мониторинги муҳити зист – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 5135,54 сомонӣ;

3.    Сардори шуъбаи таҳлилӣ – иттилоотии обуҳавошиносӣ – 1 ҷой маоши мансабӣ - 3388,50 сомонӣ;

4.    Сармутахассиси (ҳукуқшинос) Раёсати назорат ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансаби 2515,90 сомонӣ;       

5.    Сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмиллалӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2515,90 сомонӣ; 

6.    Мутахассиси пешбари Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2057,20;

7.    Мутахассиси пешбари Раёсати шабакаҳои давлатӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2057,20;

8.    Мутахассиси пешбари Раёсати таъминот ва хоҷагӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2057,20;

9.    Мутахассиси Раёсати банақшагирӣ, муҳосибот ва молия – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1695,80 сомонӣ;

10. Мутахассиси Раёсати шабакаҳои давлатӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1695.80 сомонӣ       

11. Мутахассиси Раёсати таъминот ва хоҷагӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1695,80 сомонӣ;

12. Мутахассиси шуъбаи таҳлилӣ – иттилоотии обуҳавошиносӣ – 1 ҷой маоши мансабӣ 1695,80 сомонӣ;

 

 Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- Ариза ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи баҳисобгирии кадрҳо;

- шарҳи ҳол;

- нусхаи диплом;

- 4 дона расми 3х4 ранга;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

- маълумотнома аз ҷойи истиқомат;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ шакли 038 УЕ;

- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);

- нусхаи билети ҳарбӣ(барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- маълумотнома (сиви-обьективка);

- маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ.

 

 Нишонӣ:кўчаи Б.Ғафуров-13/1,Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус. Телефонҳо: 44-600-02-15,

 947-44-44-00, 93-310-72-68

 

 Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз пас аз чопи эълон дар бораи гузаронидани озмун

 

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сардори Раёсат.

 

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда муввофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

 

- 2 сол собиқаи хизмати давлати дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

 

-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ ва банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон.

 

Барои ишғоли мансаби муовини сардори Раёсат.

 

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда муввофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

 

- 2 сол собиқаи хизмати давлати дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

 

-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ ва банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон.

 

Барои ишғоли мансаби сардори шуъба; 

 

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Барои ишғоли мансаби сармутахассис;

 

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда муввофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

 

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

 

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ монондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар;

 

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда муввофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

 

-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

 

Барои ишғоли мансаби мутахассис;

 

-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

 

Шаҳри Душанбе, кучаи Б.Ғафуров -13/1

Телефон барои тамос: 44-600-02-15, 93-310-72-68,  947-44-44-00

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз баъд аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

 

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

 

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

ариза ба унвони роҳбари мақомот(шакли муқарраршуда);

варақаи шахсӣ бо 4 адад акси рангаи 3х4;

шарҳи ҳол;

нусхаи шиноснома;

нусхаи диплом;

нусхаи гувоҳнома рақами мушаххаси андозсупоранда;

нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

нусхаи билети ҳарбӣ;(барои шахсоне, ки адои хизмат кардаанд).

маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ).

маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ;