Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Тадбирҳо ва қадамҳои амалӣ оид ба баланд бардоштани устуворӣ ба хавфҳо дар самти ноустувории тағйирёбии иқлим ва рушди банақшагирии мутобиқсозии миллӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 21 феврали соли 2024 Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, бо дастгирии техникии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон, дастгирии молиявии Фонди Иқлимии Сабз ва Комиссияи Аврупо семинари амалӣ дар мавзӯи "Тадбирҳо ва қадамҳои амалӣ оид ба баланд бардоштани устуворӣ ба хавфҳои ноустувории тағйирёбии иқлим ва рушди банақшагирии мутобиқсозии миллӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баргузор намуданд.

Дар кори семинар аъзои гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Нақшаи миллии мутобиқсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Ташкилоти ҳавзаи дарёи "Сирдарё", ташкилотҳои ҷамъиятию байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ иштирок намуданд. Дар ҷараёни семинар ба иштирокчиён натиҷаҳои тадқиқот оид ба инъикоси чорабиниҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аз нуқтаи назари ҷорӣ намудани технологияҳои нав, беҳтар намудани инфрасохтор ва пойгоҳи маълумотӣ, баланд бардоштани иқтидор, такмили ҷанбаҳои меъёрию ҳуқуқӣ, механизмҳои институтсионалӣ ва маблағгузории иқлим дар стратегияҳо, барномаҳо, қонунҳо, кодексҳо ва дастурамалҳои қабулшудаи бахшҳои асосии иқтисодиёт пешниҳод карда шуданд.

Дар рафти кори гурӯҳҳои хурд иштирокчиён тавсияҳои иловагиро оид ба чорабиниҳои мутобиқсозӣ дар ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии ба нақша гирифташудаи самтҳои калидии иқтисодиёт пешниҳод намуданд.

Дар ҷараёни семинар инчунин натиҷаҳои ҷамъбастии корҳои таҳлилӣ оид ба ҳамгироии тағйирёбии иқлим ба сиёсат ва баҳисобгирии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар самти банақшагирӣ ва буҷет дар бахши об пешниҳод гардиданд.



23.02.2024