Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Агентӣ /

Ҳамкории байналмилалӣ

Ҳамкории байналмилалӣ

Лоиҳаҳо

Лоиҳаи “Идоракунии раванди обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти обӣ” (M-GLOW)

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд (ADB) Лоиҳаи “Идоракунии раванди обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти обӣ” (M-GLOW)-ро амалӣ менамояд. Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани устувории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба офатҳои табиӣ тавассути коҳиш додани таъсири хатарҳои марбут ба криосфера ва таҳкими иқтидори миллӣ дар самти идоракунии хавфи офатҳои табиӣ мутобиқ ба “Стратегияи миллии коҳиши хавфи офатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019–2030” мебошад.

 

Лоиҳа таъсиси низоми ягонаи мониторинг ва огоҳкунии бармаҳал оид ба хатарҳои марбут ба криосфераро дар назди Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ менамояд. Лоиҳа аз се натиҷаи асосӣ иборат аст:

 

Натиҷаи 1: Таъсиси низомҳои рақамии мониторинги криосфера ва огоҳкунии хатарҳо

Ин натиҷа ба навсозӣ ва рақамикунонии инфрасохтори мониторинги Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Чорабиниҳои асосӣ инҳоро дар бар мегиранд:

• Навсозии як стансияи мониторинги барф ва тармафароӣ ва чор нуқтаи вобастаи он бо низоми телеметрӣ, ки имкон медиҳад мушоҳидаҳои худкори наздик ба вақти воқеӣ барои дастгирии огоҳкунии бармаҳал анҷом дода шаванд;

• Озмоиши технологияҳои пешрафта, аз ҷумла санҷиши фосилавӣ ва омӯзиши мошинӣ барои арзёбии талафоти пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ;

• Таъмини низоми пешрафтаи идоракунӣ ва таҳлили маълумот барои мониторинги криосфера, аз ҷумла рақамикунонии маълумоти таърихии пиряхҳо, навсозии пойгоҳи додаҳои идоракунии дороиҳо ва ҳамгироии маҳсулоти ҷаҳонии пешгӯии обу ҳаво тавассути ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ (WMO), Агентии метеорологии Ҷопон (JMA), Агентии тадқиқоти кайҳонии Ҷопон (JAXA) ва муассисаҳои дахлдори аврупоӣ.

 

Натиҷаи 2: Баланд бардоштани малакаи кормандони соҳаи криосфера

Ин натиҷа ба таҳкими иқтидори кормандони техникӣ ва касбии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои мониторинг ва арзёбии криосфера масъуланд, равона шудааст. Чорабиниҳо инҳоро дар бар мегиранд:

• Омӯзонидани ҳадди ақал 20 корманди техникӣ (30% занон) оид ба усулҳои муосири мониторинг, аз ҷумла арзёбии тавозуни массаи пиряхҳо, селҳои кӯлҳои пиряхӣ (GLOFs) ва пешгӯии тармафароӣ;

• Баланд бардоштани малакаи ҳадди ақал 20 корманд (50% занон) дар самти идоракунии маълумот ва низомҳои иттилоотии криосфера;

• Рушди малакаҳои амалии ҳадди ақал 5 корманди касбӣ (40% занон) оид ба истифодаи низоми таҳлилии криосфера. Барои таъмини устувории низом технологияҳои манбаи кушода истифода мешаванд ва дар назди Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмоишгоҳи калибровка ва нигоҳдории таҷҳизот таъсис дода мешавад.

 

Натиҷаи 3: Такмил додани низоми огоҳкунии бармаҳал барои ҷомеаҳо

 

 Ин натиҷа ба шаш деҳаи ҷамоати Навобод, ноҳияи Шуғнон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) равона гардидааст.

 

Чорабиниҳо инҳоро дар бар мегиранд:

• Таҳияи харитаи рақамии хавфҳои ҷомеавӣ бо дарназардошти масъалаҳои гендерӣ тавассути истифодаи технологияҳои санҷиши фосилавӣ ва мушоҳидаи Замин;

• Таҳияи нақшаи амалҳои ҷомеавии ҳассос ба гендер вобаста ба таъсири обшавии пиряхҳо, боришоти зиёди барф, тармафароӣ, рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ ва дигар хатарҳои марбут ба криосфера, бо таваҷҷуҳи махсус ба занон, кӯдакон, пиронсолон ва дигар гурӯҳҳои осебпазир;

• Гузаронидани омӯзишҳо, намоишҳо, машқҳои амалӣ, муҳокимаҳои гурӯҳӣ ва семинарҳо барои мубодилаи дониш оид ба хавфҳои криосфера. Татбиқи ин натиҷа дар ҳамоҳангӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ амалӣ мегардад.

Суроға: Гурӯҳи татбиқи лоиҳа дар ошёнаи якуми бинои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир мебошад.

 

Маълумот барои тамос:

 

Директори лоиҳа: Исматов Муҳаммад

Почтаи электронӣ: tajmglow@gmail.com

Телефон: +992 981114491