Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2024 МУБОРАК ҲАМКАСБОНИ АЗИЗ!

Ҳамкасбони азиз, охирин саҳифаи тақвим ҳам аз девор канда шуда, бо он ҳамаи бурду бохт, пешравиҳо, пастиву баландиҳои фаъолиятамон ба як саҳифаи таърих табдил ёфта истодааст. Соли нави мелодии 2024 дари ҳар яки мову Шуморо мекӯбад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, Шуморо бо фарорасии Соли нави мелодии 2024 самимона табрик намуда, ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон рӯзгори хушу осуда ва сарбаландиву комёбиҳои беназирро таманно дорам.

Бо умеди амалӣ гардидани ниятҳои неку амалҳои созанда, барои фардои шукуфонии кишвар бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Соли нави мелодӣ кишвари азизамонро боз ҳам ободу зебо мегардонем.

Умедворем, ки дар Соли нави мелодӣ ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори меҳанпарастӣ ҳарчи бештар заҳмат кашида, бо дарки рисолати олии ватандорӣ барои ободонии сарзамини муқаддасамон дастаҷамъона саъю талош менамоем.

Бигузор Соли нави мелодии 2024 бо қадами мубораки худ барои Шумо ва наздиконатон соли бобарору хотирмон ва татбиқ гардидани нақшаҳои наҷибатон гардад.


Соли Нави 2024 муборак ҳамкасбони азиз!

           Бо камоли эҳтиром,

Директори Агентии обуҳавошиносии

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло.


29.12.2023