Рӯзҳои 11-12 январи соли 2024 Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти озуқавории кишоварзии СММ (ФАО) семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Муайян намудани хушксолӣ дар асоси барномаи SPI (шохисҳои боришот)”-ро баргузор намуданд, ки дар рафти он 18 нафар мутахассисони соҳавии Агентӣ (самти агрометеорология) иштирок намуданд.
Дар рафти семинар оид ба масъалаҳои дахлдори самти агрометеорологӣ диққати махсус дода шуда, мутахассисони шабакаҳои давлатии Агентӣ доир ба масъалаҳои муайян намудани норасоии об дар зироатҳои кишоварзӣ дар асоси маълумотҳои обуҳавошиносӣ шиносоӣ пайдо намуда, донишҳои назариявӣ ва амалии худро такмил доданд.