Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи "Нақши ВАО дар инъикоси масъалаҳои экологӣ"

Санаи 4 июни соли ҷорӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти метеорологии Финляндия (Syke) семинари омӯзиширо дар мавзӯи "Нақши ВАО дар инъикоси масъалаҳои экологӣ" доир намуданд, ки дар он намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санҷишгоҳҳои сифати оби Кумита ва Агентии обуҳавошиносӣ, Марказҳои Орхуси шаҳрҳои Бохтар ва Хоруғ, намояндагони ВАО-и ҷумҳурӣ, инчунин донишҷӯён ва волонтиёрон иштирок намуданд.

Мақсади асосии семинари мазкур баланд бардоштани таҷриба ва дониши иштирокчиён дар самти қабул ва интиқоли иттилооти экологӣ, алалхусус дар самти сифати об арзёбӣ гардид.

Дар ҷараёни семинар иштирокчиён тавассути рӯйнамоҳо (презентатсия) оид ба мавзӯъҳои "Нақши марказҳои Орхус дар паҳн кардани иттилооти экологӣ дар Тоҷикистон ва ҷалби ҷомеа ба иштирок дар ҳалли мушкилоти экологӣ, инчунин "Стратегияи коммуникатсионии Институти муҳити зисти Финляндия. Намудҳои иттилооти экологӣ, баҳрабардорон ва гирандагони иттилоот дар Финляндия" ва дигар масъалаҳои соҳавӣ баромад намуданд. Дар ин раванд иштирокчиён бо фаъолияти Институти муҳити зисти Финляндия оид ба пешниҳоди маълумоти экологӣ дар самти сифати об шинос шуданд.

 Тибқи тартиби кори семинар иштирокчиён ба омӯзиш фаро гирифта шуда, бо Шаҳодатнома (Сертификат) - ҳо сарфароз гардонида шуданд.

06.06.2024