Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории ҷаласа оид ба баррасии Ҷузъи 2-юми "Харитаи роҳ оид ба таҳкими системаҳои огоҳкунии барвақтӣ дар Тоҷикистон"

Рӯзи 6 июни соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба баррасии Ҷузъи 2-юми "Харитаи роҳ оид ба таҳкими системаҳои огоҳкунии барвақтӣ дар Тоҷикистон" бо дастгирии лоиҳаи "Огоҳкунии барвақтӣ барои ҳама (Early Warnings for All)” ва Дафтари СММ оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ" (UNDRR) баргузор гардид, ки дар рафти он намояндагони вазорату идораҳои кишвар иштирок доштанд.

 Дар сухани муқаддимавӣ муовини Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Байдуллоева Ҷ.А махсусан қайд намуданд, ки дар шароити тағйирёбии иқлим бо афзоиши иқтидори иқтисодиёти мамлакат нақши огоҳии барвақтӣ аз офатҳои табиӣ (тағйирёбии ногаҳонии сатҳи оби дарёҳо, сар задани зуҳуроти сел ва тарма, ҳолати ноустувори шароити иқлимӣ ва ғайра) метавонад ба инфрасохтор ва ҳатто ҳаёти аҳолӣ зарари ҷиддӣ расонад. Дар рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ огоҳиҳои барвақтӣ, ки дар асоси маълумотҳои обуҳавошиносӣ пешниҳод мегарданд, нақши калидиро мебозанд.

Бояд қайд намуд, ки Системаи огоҳии бармаҳал чаҳор ҷузъи асосиро дар бар мегирад, аз ҷумла Ҷузъи 2 (мушоҳида, мониторинг таҳлил ва пешгӯӣ), ки барои шиносоӣ дар шакли "Харитаи роҳ оид ба таҳкими системаҳои огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон" пешниҳод шудааст. Дар ҳуҷҷати мазкур барои татбиқи пурраи вазифаҳои пешбинишуда ба роҳ мондани ҳамкориҳои тарафайн бо дигар воҳидҳои сохторҳои давлатӣ ва инчунин таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя махсусан қайд гардидааст.


10.06.2024