Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Вохӯрӣ бо намояндагони Институти метеорологии Финландия

Санаи 11 июни соли ҷорӣ дар доираи баргузории Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” вохӯрии роҳбарият ва сардорони воҳидҳои сохтории Агентии обуҳавошиносӣ бо намояндагони Институти метеорологии Финландия баргузор гардид.

Дар ин дидор меҳмонон аз фаъолияти воҳидҳои сохтории Агентӣ, аз ҷумла Маркази пешгӯии обуҳавосанҷӣ, Маркази танзими низоми обуҳавосанҷӣ, Маркази коммуникатсияи алоқа ва технология, Раёсати мониторинги муҳити зист, Маркази маркетинг ва рушд ва шуъбаи таҳлилӣ-иттилоотии обуҳавошиносӣ  шиносоӣ пайдо намуданд.

Дар вохӯрӣ масъалаи ташхис (диагностика)-и фаъолияти Агентӣ, ки дар  10 самт равона гардида, ин механизм аллакай дар як қатор давлатҳои Аврупо ва Қитъаи Африқо амалӣ шуда истодааст, баррасӣ шуд.

Бояд қайд намуд, ки ин тасмим     барои саҳмгузорӣ дар самти беҳтар намудани пешгӯиҳои обу ҳаво, хизматрасонии иқлим ва мубодилаи маълумот  муҳим арзёбӣ гардида, барои рушду нумӯи соҳаи обуҳавошиносӣ нигаронида шудааст. 

12.06.2024