Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Иштироки Раиси Кумита дар ҷаласаи пленарии Форуми иқлимии Самарқанд

5 апрели соли 2025, дар доираи рӯзи дуюми Форумии иқлимии Самарқанд (4-5 апрели 2025), Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар ҷаласаи пленарии «Осиёи Марказӣ рӯ ба рӯ ба чолишҳои кризиси сегонаи сайёҳӣ» суханронӣ намуд.

Дар суханронии худ Раиси Кумита нақши калидии ҳамкории минтақавиро барои рафъи чолишҳои иқлимӣ ва экологӣ таъкид кард. Инчунин, ба масъалаҳои мутобишавӣ бо пайомадҳои тағйирёбии иқлим, ки барои Осиёи Марказӣ аввалиндараҷа аст, таваҷҷӯҳ зоҳир намуд, бо назардошти осебпазирии баланди кишварҳои минтақа ба оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим, аз ҷумла истифодаи оқилонаи манбаъҳои табиӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ.

Ҳамчунин, зарурати амалҳои муштарак барои коҳиш додани оқибатҳои биёбоншавӣ, танззули хок заминҳо ва обшавии пиряхҳо таъкид гардид.

Раиси Кумита ҳозиринро оиди омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар Душанбе баргузор мешавад, хабар дод. Ин чорабинӣ дар доираи рисолати Маҷмаи умумии СММ, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шудааст, баргузор мегардад.

Конференсия ба платформаи коркарди тадбирҳои глобалӣ барои муҳофизати пиряхҳо табдил хоҳад ёфт. Таъкид гардид, ки чунин конференсия аввалин маротиба доир мегардад.

Дар чорабинӣ вазирон ва намояндагони идораҳои ҳифзи муҳити зист аз Осиёи Марказӣ ва Монголия, аз ҷумла Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Туркманистон иштирок намуданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Instagram (на русском) - https://www.instagram.com/tajnature.tj/

Twitter (English) - https://twitter.com/tajnature

Telegram (на русском) - https://t.me/tajnature

Facebook (Тоҷикӣ) - https://www.facebook.com/tajnature.tj

LinkedIn (English) - https://www.linkedin.com/company/tajnature

YouTube - www.youtube.com/@tajnaturetj

Маркази Ахбори КҲМЗ / Центр экологических новостей КООС РТ



07.04.2025