Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

БАРГУЗОРИИ ФОРУМИ МИЛЛӢ ОИД БА ИҚЛИМ

Санаи 16 апрели соли 2025 Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти Каритас Швейтсария ва Идораи федералии обуҳавошиносӣ ва иқлимшиносии Швейтсария (MeteoSwiss) Форуми миллӣ оид ба иқлимро баргузор намуданд, ки дар рафти он намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, бахши хусусӣ ва намояндагони хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) иштирок доштанд.

Чорабиниро директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода А.Ҳ бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, оиди ҳамкориҳои судманди Агентии обуҳавошиносӣ бо ташкилоти Каритас Швейтсария қайд намуданд.

Боиси зикр аст, ки  ҳадаф аз баргузории Форуми миллӣ оид ба иқлим ташкили муколама барои ҷонибҳои асосии манфиатдор, аз ҷумла ниҳодҳои дахлдори давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, академияҳо, бахши хусусӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ҷиҳати иштирок дар баррасиҳо оид ба мавҷудият, дастрасӣ ва самаранокии хизматрасонии обуҳавошиносӣ ва иқлим арзёбӣ гардида, ҳамзамон дар рафти он оид ба омодагиҳо ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо таъкид гардид. 

17.04.2025