Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Нишасти матбуотӣ бо намояндагони телевизион ва радиои ҷумҳурӣ оиди ҳаракати пиряхи Деҳдал (Дидал)

Санаи 31 октябри соли 2025 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки роҳбарият, мутахассисони соҳавии Агентӣ, намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон”, “Ҷаҳоннамо”, “Сафина”, “Илм ва табит”, радиоҳои “Тоҷикистон” ва “ Ховар” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур мавзӯи ҳаракати пиряхи Деҳдал (Дидал) дар ҳудуди деҳаи Сафедоби ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об, ноҳияи Тоҷикобод, ки санаи 25 октябри соли ҷорӣ ба вуқуъ пайваста буд, баррасӣ гардид.

Дар баромади роҳбарият ва мутахассисони соҳавии Агентӣ оиди зуҳуроти мазкур тариқи рӯйнамо маълумот дода шуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки дар натиҷаи мушоҳидаҳо ва корҳои тадқиқотии Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ, моҳи сентябр ва рӯзи 25 октябри соли 2025 ҳаракат ва ҷудошавии қисми бузурги пиряхи Деҳдал дар ноҳияи Тоҷикобод ба қайд гирифта шуд. Массаи ях бо ҳаҷми калон (то 1500 м дарозӣ ва 50 м баландӣ) ба поён ҳаракат намудааст, ки сабаби асосии зуҳуроти мазкур баландшавии ҳарорати ҳаво ва набудани боришот дар давраи тӯлонӣ мебошад. Шароити мазкур ба обшавии шадиди пирях ва тағйири тавозуни обӣ оварда расонидааст.

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ният дорад мониторинги мунтазами пиряхи Деҳдал ва дигар пиряхҳои ҳаракаткунандаро идома дода, таҳқиқоти илмӣ ва арзёбии хавфҳои табииро густариш диҳад. Ҳадафи мазкур таҳияи тавсияҳои амалӣ барои идоракунии хатари пиряхҳо, пешгирии оқибатҳои эҳтимолии обхезӣ ва таъмини амнияти аҳолӣ ва инфрасохтори минтақа мебошад.

31.10.2025