Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории дарси бозомӯзӣ оид ба мавзӯӣ “Фаъолияти яхшиносӣ”

Санаи 23 декабри соли ҷорӣ тибқи нақша-чорабиниҳои Шӯрои ҷавонони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони ҷавон дарси бозомӯзӣ дар мавзӯи “Фаъолияти яхшиносӣ” баргузор гардид.

Дар ҷараёни дарси омӯзишӣ тариқи рӯйнамо фаъолияти Маркази яхшиносӣ муаррифӣ шуда, ба иштирокчиён оид ба самтҳои асосии фаъолияти Марказ, мушоҳидаи сатҳи қабати барф, гузаронидани корҳои тадқиқотию экспедитсионӣ дар пиряхҳои ҷумҳурӣ, омодасозии огоҳиҳо аз сар задани зуҳуроти тарма ва сел, истифодаи моделҳои байналмилалӣ дар мушоҳидаи пиряхҳои ҳаракаткунанда, инчунин ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва воситаҳои ахбори омма маълумот пешниҳод гардид.

Қайд гардид, ки баргузории чунин дарсҳои бозомӯзӣ барои ҷавонон имконият фароҳам меорад, то сатҳи дониш ва маҳорати касбии худро баланд бардошта, фаъолияти худро дар соҳаи обуҳавошиносӣ боз ҳам самаранок ба роҳ монанд.


24.12.2025