Санаи 27 апрели соли 2026 вохӯрии директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо намояндаи махсуси Дабири кулли СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо Камол Кишор баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ҳозирин бо фаъолияти раёсату марказ ва шуъбаҳои Агентӣ аз наздик шинос шуда, аз таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи обуҳавошиносӣ ва шароити мусоиди фароҳамшуда барои фаъолияти мутахассисон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъда, фаъолият дар самти коҳиши хавфҳои зуҳуроти обуҳавошиносӣ, аз қабили боришоти бошиддат (барфу борон), сар задани зуҳуроти тарма ва сел, обшавии пиряхҳо, рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ, истифодаи технологияи муосир дар ин самти муҳим, ҳамзамон дигар вазифаҳои афзалиятнок барои густариши ҳамкориҳоро муайян ва баррасӣ намуданд.






28.04.2026